Хуш омадед ба маркази ДОНО!

Дар ин ҷаҳони  бо суръати тез инкишофёбанда, барои  кушода  тавонистани имкониятҳои худ ва  расидан ба тамоми орзуҳо, барои ба сар бурдани умри  пурсамар  ва зиндагии наҷиб, ҳамеша ҳамқадами замона бояд буд.

Барои ин ҳар шахс бояд дорои захираи кофии ақлонӣ бошад, пайваста кӯшад, то ки малака ва маҳоратҳои заруриеро, ки зиндагӣ тақозо менамояд, аз бар намояд.

Масалан, имрӯзҳо талаботи ҳам ҷамъият ва ҳам ашхоси ҷудогона нисбат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар сатҳи хуб донистани забони модарӣ афзуда истодааст. Инчунин дар асри рушди технологияи муосир дорои саводнокии компутерӣ будан хеле муҳим аст.

Агар ҳам ба таълим ва ҳам худи таълимгиранда бо усулҳои фаъоли замонавӣ дуруст муносибат намоем, ба натиҷаҳои   тааҷубовар ноил хоҳем гашт.

Шумо мехоҳед соҳиби донишҳои наве гардед, ки ба омӯзиш ҳеҷ гоҳ барвақт нест, ё дониши худро боз ҳам мукаммалтар гардонед, ки ҳеҷ гоҳ дер нест? Шумо мехоҳед фарзандатонро ба мактаб омода намоед, то ки ӯ дар оянда бо шавқ таҳсил намояд? Шумо мехоҳед барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олии чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ омодагӣ гиред? Шумо мехоҳед соҳиби дониши том гардед ва вақти таҳсили худро пурсамар истифода баред? Шумо мехоҳед новобаста аз синну соли худ дониши худро такмил диҳед?

Маркази ДОНО барои амалӣ гаштани орзуҳои Шумо кӯмак мерасонад.

Мо омодаи онем, то бароятон дониш ва малакаҳои заруреро омӯзонем, ки он Шуморо ба ҷаҳон мепайванданд, имкониятҳои наверо мекушоянд ва ҳаётатонро ба сӯйи беҳбудӣ тағйир медиҳанд.

Мо аз ташрифатон ба маркази ДОНО шод мегардем ва тайёр ҳастем, ки ҳамроҳ оиди умед ва чашмдоштҳои Шумо аз Маркази ДОНО  сӯхбат кунем.

Мақсади маркази мо ин мадад ба инкишофи Шумо тавассути усулҳои пешрафтаи таълим мебошад.

Дар ин замони хеле душвори иқтисоди бозоргонӣ, мо мехоҳем, ки маблағҳои барои таҳсил масраф намудаи Шумо дар шакли дониши мукаммал ва маҳорату истеъдод бо худатон баргардад.

Ба тамоми хоҳишмандоне, ки мехоҳанд, маълумоти худро комил гардонанд, имкониятҳои фитрии худро васеъ созанд, орзуҳои хешро тавассути гуфтаҳои академик Муҳаммад Осимӣ иброз месозам, ки дар вохӯрии худ бо ҷавонони илмомӯз чунин орзу карданд:

« Якум иродаи матин. Инсон аз навҷавонӣ бояд ин хислатро дар худ парварида, устуворона барои ба каф овардани дурри мурод мубориза барад. Барои ин пеш аз ҳама кас аввал бояд бо худ мубориза карда ғолиб ояд. Чуноне, ки Балзак мӯшикофона навиштааст: “Душвортарини набардҳо, набард ба рағми худ, душвортарин зафарҳо, зафар аз болои худ аст”. Дуюм, дар тӯли тамоми умр кас бояд ҳеҷ вақт аз душвориҳо наҳаросида (Коре бе душворӣ нест!) чароғи умедро фурӯзон дорад.»

Ба Шумо рушди бомуваффақиятро орзумандам!

Аз ташрифи Шумо ба сомонаи мо ва бовариатон аз ДОНО сипосгузорам!

Фируза Осимӣ

Директори МИТ «ДОНО»